ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Доварон аз Тоҷикистон барои хидмат дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 даъват шудаанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, довари ФИФА Насрулло Кабиров ба Арабистони Саудӣ даъват шудааст.
Кабиров бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи ғарбиро доварӣ мекунад. Ин мусобиқа аз 7 то 28 апрели соли ҷорӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Илова бар ин довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод низ барои ҳакамӣ кардани мусобиқаи футбол даъват шудаанд.
Интизор меравад, онҳо бозиҳои гурӯҳи "G"-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи шарқиро доварӣ кунанд. Мусобиқае, ки бо доварии Саъдулло ва Сиддиқзод сурат мегирад, аз 15 то 30 апрел дар Тайланд баргузор мешавад.