ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, раёсати Бонк барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул кардааст.
“Бинобар аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М” риоя нагардидани расмиёти тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ, аз ҷониби Раёсати БМТ барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул карда шуд”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки раёсати бонк иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй” барои панҷ сол тамдид кард.
“Дар асоси Қавонини Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд”, - қайд кардааст БМТ.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, Раёсати бонк Идораи низоми пардохт вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.