Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Тоҷикистон бастаи нави ваксина дастрас кард

Гуфта мешавад, дастаи нави ваксина, ки аз сӯйи барномаи механизми COVAX дастраси Тоҷикистон гардид, дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон шаби 3 ба 4 апрел бастаи нави ваксинаи "Pfizer-BioNTech" қабул кард.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 200 ҳазор вояи ин ваксина ба Тоҷикистон ворид шуд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ваксинаи мазкур аз сӯи барномаи COVAX ирсол гардидааст ва он дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бемории коронавирус мавҷуд нест, вале моякӯбии шаҳрвандон ҳамоно идома дорад.
Тоҷикистон алайҳи се вирус ваксина дарёфт кард
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то охири моҳи март 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, ё 92,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Вояи дуюми ваксинаро 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар гирифтаанд, ки 87,5%-и аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол вояи такрорӣ ва ё реваксинатсияро то 27 март, 1 миллиону 922 (19,5%) нафар гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, тибқи фармони ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло расми ҳатмӣ мебошад.