ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. "Latvijas Gāze" дар бораи қарордодҳо бо "Газпром" хулоса кард ва изҳороте нашр намуд, ки тибқи он, ширкат муътақид аст, қоидаҳои нави пардохти газ бо рубли русӣ расман режими таҳримҳоро вайрон намекунад. Дар ин бора Sputnik Латвия хабар медиҳад.
Дар ширкат гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир усули нави ҳисобкуниро аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳлил мекунанд. Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки байни "Latvijas Gāze" ва "Газпром" шартномаи дарозмуддат оид ба интиқоли гази табиӣ то соли 2030 ба имзо расид. Он пардохти гази табииро бо евро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи тағйирот ба қонунгузории Федератсияи Русия ва созишномаҳои тиҷорати хориҷӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ, пардохтҳо барои интиқоли гази табиӣ аз 1 апрели соли 2022 бояд танҳо бо рубли русӣ анҷом дода шаванд.
Бояд гуфт, қаблан раиси ширкати "Latvijas Gāze" Айгарс Калвитис гуфта буд, ки имкони харидории газ аз тариқи рубл вуҷуд надорад, зеро дар шартнома пардохтҳо бо евро пешбинӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 март раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонро дар бораи қоидаҳои тиҷорати газ бо кишварҳои ғайридӯст имзо кард. Чунин давлатҳо бояд барои пардохти пули газ дар бонкҳои Русия ҳисобҳое, боз кунанд, ки рубл дошта бошанд.
Путин ваъда дод, ки агар Русия то 1 апрел пардохт нагирад, қарордодҳои мавҷудаи газ қатъ карда мешаванд. Русия тақрибан 40% гази Аврупоро таъмин мекунад ва аз бузургтарин содиркунандаҳои газ ба он ҷо маҳсуб мешавад.