ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Узвияти Украина дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳам барои иқтисоди ин кишвар ва ҳам барои тамоми кишварҳои иттиҳодия дурнамои хуберо боз мекунад.
Ба гуфтаи вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ЕЭК) Сергей Глазев, ба ҳамин хотир узвияти Украина дар ин созмон нисбат ба узвияти нобаробар дар Иттиҳодияи Аврупо мантиқӣ ва судмандтар аст.
"Иштироки Украина дар фазои ягонаи иқтисодии Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё дар муқоиса бо ҷалби маҷбурии он ба иттиҳодияи нобаробар Иттиҳоди Аврупо мантиқӣ ва судмандтар аст", - гуфт Глазев.
Ба гуфтаи вай, бо эътибор пайдо кардани созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо Украина соҳибихтиёрии худро аз даст медиҳад.
Глазев ба оморҳое ишора кард, ки бар асоси он, омили украинӣ ва зарбаҳои беруна ба Русия то 200 миллиард доллар ва бо назардошти таҳримҳои байналмилалӣ то 0,5 триллион доллар зарар расондаанд.
"Украина аз кандани ҳамкорӣ бо Русия ва табодули иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо садҳо миллиард доллар зарар дидааст", - гуфт ӯ.
“Агар Украина узви комилҳуқуқи фазои ягонаи Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё шавад, пас афзоиши гардиши мол, ба истиснои манобеи энержӣ дар натиҷаи ҳамгироии мутақобила ва рафъи монеаҳои тиҷоратӣ барои иқтисоди Украина метавонад хеле назаррас бошад; то 20 дарсади ММД-и Украинаро ташкил диҳад”, — бовар дорад Глазев.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамгироии АвруОсиё бидуни Украина низ бохт дорад.
“Худи Иттиҳодияи АвруОсиё бидуни иштироки Украина тақрибан сеяки афзоиши эҳтимолии ММД-ро аз даст медиҳад ва ин афзоиш аз ҳисоби ҳамкориҳои Русия ва Украина, асосан дар соҳаҳои технологияҳои баланд, ки дар сурати мавҷуд набудани монеаҳои сарҳадӣ ва ... бозори ягона ба табдили технологии фазои ягонаи иқтисодӣ мусоидат намуда, самараи зарурии фароҳам меорад”, - гуфт ӯ.