ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Манбаъ хабар додааст, ки ахиран дар як тарикиш дар вилояти Бадахшони Афғонистон Мавлавӣ Рашод, омири амнияти толибон дар ин вилоят захмӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мошини ин мақомдори маҳаллии толибон дар маҳаллаи Пули Шаҳиди Сулҳ, Устод Бурҳониддини Раббонӣ, дар шаҳри Файзобод ҳадафи минаи часпакӣ қарор гирифтааст.
Бархе манобеи дигар таъйид мекунанд, ки ду муҳофизи омири амнияти толибон дар ин ҳодиса кушта шудаанд.
Аммо мақомоти маҳаллии толибон дар Бадахшон то ҳол дар бораи ҷузъиёти ин таркиш маълумот надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз зуҳри имрӯз як инфиҷор дар сарои Шоҳзодаи Кобул низ сурат гирифт , ки бар асари он, 10 нафар маҷрӯҳ шудааст.