Ҳикматиёр: Амрико бо чопи пул бахши бузургашро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат хоҳад гузошт

Роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон мегӯяд, ки Амрико бо чопи пул бахши бузургашро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷабҳаи озодӣ хоҳад гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ дар иртибот бо хабари чопи пулҳои афғонӣ дар Амрико мегӯяд, ки ИМА бо чопи пул бештари онҳоро ба ихтиёри Ҷабҳаи муковимат ва Ҷабҳаи озодии худхонада ва аҷнабӣ хоҳанд гузошт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод бо “Амаҷ”.
Раҳбари Ҳизби исломӣ мегӯяд, ки ин масъала тамоми афғонҳоро зиёд нигарон кардааст.
Ба гуфтаи вай, ин масъала бояд дар мулоқоти эҳтимолии ҳайати Амрико бо ҳайати толибон дар Доҳа ниҳоӣ шавад.
Вай дар хутбаи намози ҷумъа афзуд, ки ҷонибдорӣ кардани мардум дар буҳрони Украина дурусту муфид аст, на чопи пул, зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҳикматёр, ин ду иштибоҳи бузург ва ҷуброннопазир аст.
Вай таъкид кард, ки созиш бо нашри қоғазҳои Афғонистон дар Амрико таслим ба бадтарин шароит дар Амрико ва такрори таҷрибаи бади ҳукумати эътилофӣ ба раҳбарии Раббонӣ аст.
Манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон аз сӯйи толибон
Ҳикматёр бо ишора ба лағви мулоқотҳои мақомоти амрикоӣ бо толибон дар Қатар толибонро ба нақзи тааҳҳудоти худ дар мавриди мактабҳои духтаронаи Амрико муттаҳам кард ва гуфт: "Иёлоти Муттаҳида дар гузашта бо баҳонаҳои бардурӯғ ин корро борҳо анҷом додааст".
"Амрико музокиротро ба таври якҷониба ва ғайричашмдошт қатъ кард, аммо дубора оғоз кард”, - гуфт ӯ.
Ҳикматиёр муътақид аст, ки қатъи музокирот далели дигаре дорад. Ба гуфтаи вай, сафари ногаҳонии вазири умури хориҷии Чин ва фиристодаи вижаи Путин ба Афғонистон ИМА-ро нигарон кардааст.
Ёдовар мешавем, ки суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳудуди 5 миллион нафар пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон ин кишварро тарк карданд. Бо тасарруфи толибон, бекорӣ афзоиш ёфтааст.