ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар беморхонаи марказии клиникии Академияи илмҳои Русия, дар хиёбони Литовскийи шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Маълум аст, ки сӯхтор дар яке аз шуъбаҳои ошёнаи панҷуми бинои шашошёна сар задааст.
Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Як манбаъ ба "Интерфакс" гуфтааст, ки тамоми ошёнаи панҷуми бемористон оташ гирифтааст ва алангаи оташ метавонад то ба шашум табақа паҳн шавад.
Дар навбати худ, як қатор расонаҳо, аз ҷумла шабакаи телевизионии "360" дар бораи рафъи сӯхтор гузориш медиҳанд.
Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, наҷотбахшон 12 нафарро аз бинои оташгирифта берун овардаанд. Се нафар аз наҷотёфтагон бемороне ҳастанд, ки аз пойи равон маҳруманд.
Майдони сӯхтор 25 метри мураббаъро ташкил додааст. Феълан дар ҷои ҳодиса шаш мошини ёрии таъҷилӣ кори худро идома медиҳанд. Дар бораи қурбониён дар ҳоли ҳозир маълумоте дар дастрас нест.