Дар ин вақт муъминон бояд пеш аз рӯшноӣ аз хӯрдан ва нӯшидан даст кашанд. Тамокукашӣ, нӯшидани машрубот қатъиян манъ аст.
Дар моҳи шарифи Рамазон маъмул аст, ки вақти бештарро дар масҷидҳо гузаронанд ва шомгоҳон, пас аз рӯзадорӣ дар сари як дастархони калон ҷамъ омада, ифтор кунанд.
Рӯзадории моҳи Рамазон яке аз панҷ рукни ислом аст. Мақсад аз рӯза гирифтан дарки аҳволи мардуми гурусна ва қавӣ гардонидани ботини худ бо зикру намозу дуо мебошад.
Дар поёни моҳи шарифи Рамазон - 1 май - Иди Фитр фаро мерасад.