ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати баҳорӣ ба сарбозиро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд.
Рӯзи 1 апрел дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии вилоят ба ифтихори нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ тантанаҳои идона оғоз гардиданд.
Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба раиси комиссияи ВМКБ оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ Умедҷон Носирзода.
Ёдовар мешавем, 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфт.
Ногуфта намонад, ки ВМКБ панҷ сол боз, аз соли 2018 ВМКБ дар ҳамаи мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар нахустин шуда, нақшаро иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.