ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ нисбат ба давраи тирамоҳии гузашта босуръат оғоз шуд.
Якбора дар нахустин рӯзи даъват ВМКБ ва ҳафт навоҳии ҷанубу шарқии кишвар онро анҷом доданд.
Чунин ба назар мерасад, ки танқиду эътирози мақомот ва аҳолӣ аз давраи гузаштаи даъват кор додааст.
Аммо дар ҳамин ҳол аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар бораи пурра ба итмом расидани нақшае даъвати шаҳр ва ё ноҳияе гузориш нашудааст.
Ҳамин тариқ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, даъвати баҳориро дар рӯзи аввал 102,5 фоиз иҷро намуд.
ВМКБ панҷ сол боз, сар аз соли 2018 мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣро аввалин шуда иҷро мекунад.
Ба рӯйхати пешсафон навоҳии минтақаи рашт низ имсол шомил шудаанд.
Ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.
Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон бошад, ноҳияиҳои Шамсиддин Шоҳин ва Фархор низ нақшаи даъват ба хизматро поён расонидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 27 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ наздик ба ду ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта он ду моҳ давом мекунад.