ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тоҷикистон мизони маоши миёнаро муайян кардааст, хабар медиҳад “Авеста” бо истинод ба Оҷонсии омори кишвар.
Ба иттилои манбаъ, маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар моҳи январи соли 2022 1,6 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 125 доллар) буд. Маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ (ҳудуди 38 доллар) муқаррар шудааст.
Илова бар ин кормандони омор бахшҳоиеро номбар карданд, ки имрӯз кормандони онҳо маоши баландтарин ва камтаринро.
Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама камтаринро кормандони кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, маош дар ин соҳаҳо ҳудуди 691 сомонӣ (53 доллар) аст.
Маоши баландтарин - беш аз 4000 сомонӣ (323 доллар) -ро кормандони бонк мегирифтаанд.
Ҳамчунин маоши кормандони бахши истихроҷи маодин 3,2 ҳазор сомонӣ (247 доллар), 2,3 ҳазор сомонӣ (178 доллар) ва бахши обу барқ 2,8 ҳазор сомонӣ (216 доллар) гузориш шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 декабри соли 2021 зимни суханронӣ дар парлумон дар бораи афзоиши нафақа, кумакпулӣ ва музди меҳнат, аз ҷумла маоши ҳадди ақали хабар дода буд. Инҳо аз 1 июли соли 2022 афзоиш меёбанд.
Ин фармон ба кормандони мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, маориф, маданият, варзиш, тандурустӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ дахл дорад.
Илова бар ин стипендияи донишҷӯён ва дигар стипендияҳо 20% зиёд мешавад.