ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар шабакаи телеграми худ навиштааст, ки Русия маводи ғизоиро танҳо ба кишварҳои дӯст медиҳад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Дар навиштаи худ ӯ аз низоме ёдовар шудааст, ки бар асоси он, ин кишвар амнияти ғизоии худро месозад.
Муовини раиси Шӯрои амният таъкид кард, ки таъмини бозори дохилӣ авлавият дорад, давлат минбаъд низ нархҳоро назорат ва ба таври муназзам ба кишоварзон кумак хоҳад кард.
Ҳамзамон оқои Медведев дар бораи додугирифт ба хориҷа бо пули миллӣ изҳори назар кард.
“Мо танҳо ба дӯстони худ озуқа ва зироат медиҳем (хушбахтона, шумори онҳо зиёд аст ва онҳо на дар Аврупову Амрикои Шимолӣ мебошанд). Мо ҳам бо рубл ва ҳам бо пули миллии онҳо дар доираи қоидаҳои мувофиқашуда харидуфурӯш мекунем”, - қайд кард Дмитрий Медеведев.
Муовири раиси Шӯрои амнияти Русия ёдовар шуд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз содироти силоҳ бештар буд ва дар соли гузашта беш аз 37 миллиард доллар ба Русия даромад овардааст.
Медведев хулоса кард, ки Русия бо кишварҳои бегона маводи ғизоӣ тиҷорат намекунад ва феҳристи маҳсулоте, ки барои воридот манъ шудааст, ҳанӯз соли 2014 тасдиқ шуда буд ва он метавонад васеъ шавад.
Ёдовар мешавем, кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина бар зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Онҳо асосан ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Брендҳои бузурги ҷаҳонӣ эълон доштанд, ки фаъолияташонро дар Русия манъ мекунанд.
Дар посух президенти Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки фурӯши гази табииро ба кишварҳои ғайридӯст, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо бо рубл роҳандозӣ намоянд.