ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сокинони Бритониё ҳукумати кишварашонро барои коҳиши рекордии сатҳи зиндагӣ пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия танқид карданд.
Сокинон дар вебсайти рӯзномаи "The Daily Mail" шарҳҳои хашмгинона гузоштанд. Қаблан идораи вобаста ба буҷа тасмим гирифта буд, ки ба далели вазъи печидаи иқтисодӣ сарбории андози шаҳрвандонро коҳиш диҳад.
Коршиносон қайд карданд, ки аз миёнаҳои асри 20 инҷониб дар Бритониё чунин коҳиш мушоҳида нашудааст.
"Андозро аз сарватмандон гиред, на аз камбағалон! Ин кишвар рӯзе аз хашм метаркад, бовар кунед", - навиштааст корбаре бо номи Purple Hexagon.
Дигаре чунин нигоштааст, ки "вақти он расид, ки саноати нафту газро бояд миллӣ кард ва ба содироти энергия нуқта гузошт.
Дар идома корбаре бо номи Snowbird56 қайд намудааст, ки "дардро ҳама эҳсос хоҳанд кард, ба ҷуз аз масъулин, ки бо тамоми шароити зарурӣ таъмин шудаанд".
"Бо як даст медиҳанду бо дигаре мегиранд...Мақомот аз воқеият чунон ҷудо шудаанд, ки сафар ба Моҳ аллакай наздик шудааст", - бо киноя навиштааст madmacca_5.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар украина бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё, алайҳи Маскав дар бахши бонкӣ ва таҳвили маҳсулоти технологӣ таҳримҳои густарда эълон карданд.
Аксари ширкатҳои ҷаҳонӣ низ аз идомаи фаъолият дар Русия даст кашиданд.
Лондон эълон кард, ки то охири соли 2022 воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Русияро қатъ мекунад. Дар натиҷаи ин тадбирҳо, тибқи маълумоти RAC, нархи миёнаи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Бритониё рекордҳои нав гузоштанд: сӯзишвории дизелӣ то 179,72 пенс (тақрибан 2,37 доллар) барои як литр, бензин то 167,01 (тақрибан 2,2 доллар) боло рафт.