Путин ягона роҳи пардохти газро гуфт

Раҳбари Русия механизмҳои идомаи пардохти гази Русияро бо пули хориҷӣ нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба нахуствазири Италия Марио Драгӣ дар бораи тартиби пардохти газ бо евро ва доллар хабар дод.
Дар ин бора худи Драгӣ зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод.
"Қарордодҳо кор мекунанд, ширкатҳои аврупоӣ пардохтро бо евро ё доллар идома медиҳанд", - гуфт сиёсатмадори итолиёӣ.
Ба гуфтаи ӯ, Путин механизми гузариш бо рублро муфассал шарҳ додааст.
Драгӣ қайд кард, ки дар ин масъала кормандони техникӣ бояд бо ҳам тамос гиранд, то дар бораи ҷузъиёт мувофиқат кунанд.
Туркия бо интиқоли газ аз Русия мушкил надорад
"Ман фаҳмидам, ки интиқоли пардохтҳо аз евро ва доллар ба рубл як масъалаи дохилии Русия аст", - шарҳ дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанновариро ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо кишвардори Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки газро бо кишварҳои бегона бо рубл фурӯшанд.
31 март дар Кремл ҳисоботи аввалин дар бораи кори иҷрошуда дар назар дошта шудааст. Дар баробари ин ҳаҷми таъминот, нархҳо ва низоми нархгузорӣ бетағйир боқӣ мемонанд.