ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Душанбе кормандони милисаи пойтахт ду ҷавонро барои таҳқир ва озор додани духтарон дастгир ва ҳабс намуданд.
Ба иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як видео аз онҳо дархост карданд, нисбати ҷавононе, ки наворбардорӣ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ин ду ҷавон, ки яке 25 ва дигаре 26-сола мебошад, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занону бонувон дастгир карда шуданд.
"Онҳо нисбати ду нафар ҷавонзани пойтахт беэҳтиромӣ зоҳир намуда, шаъну шарафи онҳоро паст задаанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат, номбурдагон дар кӯчаи Фирдавсӣ, дар назди маркази савдои "Содот" нисбати ду нафар апаву хоҳар беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд.
Дар ҳамин ҳол нисбати онҳо, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бо қарори суд нисбати яке ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбат ба дигаре ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс таъйин карда шуд.