ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба созишнома бо ҳукумати Ӯзбекистон дар мавриди пешниҳоди мутақобилаи замин барои бунёди биноҳои намояндагиҳои дипломатиро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод.
Бар асоси тағйироти тасвибшуда, ба ҷониби Ӯзбекистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе 1,2 гектар замин ҷудо мешавад. Қаблан майдон барои бунёди сафорати Ӯзбекистон дар хиёбони Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ шуда буд.
Ҳукумати Ӯзбекистон дар навбати худ барои Тоҷикистон дар буриши кӯчаҳои Зулфияхонум ва Себзори шаҳри Тошканд беш аз 1 гектар замин ироа мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон аллакай ба сохтмони бинои сафораташ дар шаҳри Тошканд расман санги асос гузошт.
Санги асоси бинои нави сафорат дар Тошкандро, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2021 гузоштанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бинои сафорат дар майдони 1,4 гектар бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфату маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом барои тақвияти дӯстию рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.