ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҳисор сохтмони фабрикаи парандапарварӣ идома дорад.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин шаҳр, фабрикаи макур дар деҳаи Ситораи ҷамоати деҳоти Навобод ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.
Манбаъ меафзояд, аз рафти сохтмон иҷрокунандаи раиси ноҳия Қосим Роҳбар аз наздик шинос шудааст. Қосим Роҳбар пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба масъулин супориши шинонидани гулу буттаҳо ва дарахту ниҳолҳои ороишӣ дар роҳраву назди бинои мазкурро дод.
Гуфта мешавад, фабрикаи парандапарварӣ мувофиқи лоиҳа дуошёна буда, дар майдони 4 гектар бунёд мешавад.
"Дар он 40 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, дар оянда имконияти зиёд кардани саршумори мурғҳо дар назар аст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки дар ин корхона барои 60 нафар ҷойи кори доимӣ бо тамоми шароит ва маоши хуб фароҳам оварда шудааст.
Феълан корҳои сохтмонӣ идома доранд ва устоҳои маҳаллӣ ба сохтани лона барои тухмгузории мурғҳо машғуланд.