ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳоҷироне, ки дар истгоҳи метрои "Тулская" бо пулис задухӯрд карданд, дар Русия ғайриқонунӣ иқомат мекардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "Москва 24" хабар додааст.
Ин шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахт кор мекарданд ва дар манзили иҷора ба сар мебурданд. Шахсоне, ки муҳоҷиронро бо кору манзил таъмин кардаанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса моҳи феврали соли 2022 рух дода буд. Дар истгоҳи метрои "Тулская" пулис шаҳрвандони хориҷиро барои тафтиши асноди онҳо амр кардааст. Муҳоҷирон ба дархости мақомоти интизомӣ итоат накардаанд.
Баъди ин дар байни хориҷиён ва пулис задухӯрд ба амал омад. Яке аз ҳамлагарон дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, ба дувумӣ муяссар шуд, ки фирор кунад. Ба иттилои расонаҳо, шаҳрванди боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст.
Вай иддао кардааст, ки пулисро тела додааст, вале назадааст. Акнун ин муҳоҷиронро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот маъмурони интизомӣ ҳудуди 25 ҳолати нақзи қонунҳои Русияро ошкор кардаанд.
Дар посух ба мавориди нақзи қонуни фавқуззикр 8 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ мешаванд ва 4 нафари дигар мустақилона ба зодгоҳашон бармегарданд.
Мутахассисон аллакай тафтишро дар ин самт анҷом дода, асноди заруриро ба додгоҳ фиристодаанд.