Нахӯреду нанӯшед: писханди Захарова ба хоҳиши ВУХ Украина аз музокиракунандаҳояш

Дипломати Русия ба тавсияи ғайриодие таваҷҷуҳ кардааст, ки ба ҳайати украинӣ дар мулоқоти ҷонибҳо дар Истанбул тавсия шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тавсияи Вазорати умури хориҷии Украина ба музокиракунандаҳояш дар мавриди "чизе нахӯрдану нанӯшидан" зимни музокирот бо ҳайати Маскав мавриди писханди дипломати Русия гирифт.
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия ин тавсияи мақомоти Украинаро ба музокиракунандаҳо дар саҳифаи "Telegram" ба истеҳзо гирифтааст.

"ВУХ Украина ба дипломатҳояш машварат додааст, "чизе нахӯред, нанӯшед" дар музокирот бо ҳайати Русия. Беҳтараш ба қабатҳои болоӣ низ даст нарасонед, вазири корҳои хориҷӣ Кулеба", - навиштаст Захарова.

Дар зимн намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия аз марги яке аз музокиракунандаҳои ҷониби Украина Денис Киреев хабар дода, хулоса кардааст, ки нерӯҳои украинӣ ӯро барои сарфи назар кардани ин тавсияҳо куштаанд.
Марги Киреевро Вазорати мудофиаи Украина расман тасдиқ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти ҳузурии навбатии ҳайатҳои Маскав ва Киев ахиран дар шаҳри Истанбул баргузор шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мединский гуфт, кай мулоқоти Путин ва Зеленский имконпазир мешавад
Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти низомии Русия дар Украина идома дорад. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.