Мушкилоти футболи тоҷик: Сегрт дар бораи дастаи худ чиро бояд донад

Коршиноси футбол тахмин зад, ки тими миллии Тоҷикистон кай натиҷаҳои аввалини кор бо мураббии хорватиро нишон медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Наврӯз-2022 аз тими Уганда шикаст хӯрд.
Вақти асосӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, вале ҳарифон аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 пирӯз шуданд. Ин нахустин бозии тими миллии Тоҷикистон буд, ки зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт анҷом дод.
Дар бораи баҳодиҳии натиҷаи ӯ ва чӣ чизи муҳимро дар бораи тими миллии кишвар донистан мураббии тоҷик Нӯъмонҷон Юсупов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки оё аз бозии аввал кори мураббии навро дидан мумкин аст ё на.
"Фикр мекунам, ки дар бораи бозӣ таҳти раҳбарии Петр Сегрт ҳарф задан барвақт аст. Барои баровардани хулосаҳои калон ҳанӯз вақт лозим аст. Фикр мекунам, ки пас аз чанд бозӣ мо метавонем дар бораи кори ӯ суҳбат кунем", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, натоиҷи бозии тими мунтахаби кишвар то ҳол натиҷаи кори мураббии собиқ аст.
Юсупов қайд мекунад, ки тағирот вақт мехоҳад, "барои он ки мураббии нав бояд мутобиқ шавад, менталитетро дарк кунад". Барои ин лозим аст, ки якчанд бозӣ анҷом дод.
Бозии футболи Уганда - Тоҷикистон
"То ҳол дасти мураббии нав дида намешавад. Мо бо тими пурқуввати африқоӣ, ки дар рейтинги ФИФА болотар аст, мусовӣ бозӣ кардем. Пеналти бошад, ҳамеша лотерея аст", - қайд кард мутахассис.
Ба андешаи ӯ, ҳар гуна интиқоди мухлисон то ҳол ҷоиз нест, зеро ӯ нав ба кор шурӯъ кардааст, чанд маротиба тамрин шудааст ва ин барои баромад кофӣ нест.
Ба гуфтаи Юсупов, мутахассисони тоҷик ба Сегрт дар интихоби ҳайати ин мусобиқа кӯмак кардаанд, зеро худи ӯ дар Баҳористон танҳо мусобиқаи дӯстона бо ширкати бошгоҳҳои Тоҷикистонро дидааст.
"Ҳоло ба Петр Сегрт вақт додан лозим аст, то бо футбол ва бозигарони тоҷик хубтар ошно шавад. Ӯ то ҳол аз футболи ватанӣ ҳама чизро намедонад. Ҳоло кори ӯ омӯхтани ҳама чиз ва ҳама аст", - таъкид кард ӯ.
Нӯъмонҷон Юсупов тахмин кард, ки шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки мураббии нав бисёре аз раҳбарони собиқ - Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давроновро ба тими миллӣ даъват накардааст.