ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон аз ширкатҳо даъват кардааст, ки дар сурати дарёфти чунин пешниҳодҳо аз пардохти пули гази Русия бо рубл даст кашанд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Чунин изҳоротро котиби генералии кобинаи вазирони Ҷопон Хироказу Матсуно дар конференсияи матбуотие баён намуд.
Дар ҳамин ҳол вай афзуд, ки то ҳол ҳеҷ гуна огоҳинома дар бораи он ки қарордодҳои мавҷуда бо ширкатҳои ҷопонӣ оид ба интиқоли газ аз Федератсияи Русия бо рубл сурат бигирад, вуҷуд надорад.
"Аммо дар сурати дарёфти чунин талабот Ҳукумати Ҷопон аз ширкатҳо хоҳиш мекард, ки ба ин шартҳо розӣ нашаванд", - гуфт Матсуно.
Қобили зикр аст, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Девони Вазирон, Бонки Русия ва "Газпром" дастур дод, ки то рӯзи 31 март чораҳои тағйир додани пул - воситаи пардохт барои гази интиқолӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳоеро, ки дар нисбати рубл чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд, амалӣ кунанд.
Путин таъкид кард, ки Русия мисли пеш интиқоли газро дар ҳаҷми мавҷуда ва бо нархҳое, ки дар шартномаҳои қаблӣ муқаррар шудааст, идома медиҳад, зеро давлат обрӯи худро қадр мекунад.
Ба дунболи ин котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков тавзеҳ дод, ки ҷузъиёти пардохти гази русӣ бо рубл танҳо коркард мешавад.
Илова бар ин таҳлилгарони рус чанд гузинаи ширкатҳои аврупоӣ барои харидани рубл барои газро ном мебаранд.
Ба гуфтаи Сергей Гришунина, мудири Агентии миллии рейтингӣ, ширкатҳо метавонанд рублро барои газ тавассути бонкҳои ғайримуҷоз ё тавассути филиалҳои биржаи Маскав харидорӣ кунанд.