ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Роҳи мошингарди самти Дарвоз боз аст ва барои ҳаракати нақлиёт ягон монеа вуҷуд надорад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бар асари боронгариҳои ахир дар роҳи мошингарди Шоҳин - Дарвоз, дар ҳудуди деҳаи Умараки ноҳияи Давроз сел фаромада, роҳи мошингардро масдуд кард.
Барои тоза кардани ин қисмати роҳ ба ҷои ҳодиса техника фиристода шуд ва ҳоло роҳи мошингарди ноҳияи Дарвоз тоза буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бемамоният идома дорад.
Ин ниҳод меафзояд, дар ноҳияи мазкур рӯзҳои 12-18 март селу лойоба фаромад, ки дар натиҷа се манзили сокинони маҳаллӣ пурра тахриб шуда, чанд хонаи дигар қисман зарар диданд. Ба хонаводаҳои зарардида аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ҳамзамон соҳибкорон кумакҳои лозимӣ расонида шуд.
Зимнан муайян гардид, ки 15 хонаводаи маҳаллӣ дар ҷое зиндагӣ мекунанд, ки хатари фаромадани сел ба онҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ ин хонаводаҳо ба ҷойи амнтар кӯчонида шуданд.
КҲФ мегӯяд, то охири моҳи март хатари фаромадани селу тарма ва ярчу сангрезӣ боқӣ мемонад ва аз ин рӯ аз кулли шаҳрвандон даъват шуд, ки эҳтиёткор бошанду аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худорӣ кунанд.