ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурбъи асъори хориҷиро дар бозори ғайринақдии кишвар боло бурдааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 132 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нишондод нисбат ба охири ҳафтаи қабл ҳашт сомонӣ (124 сомонӣ) бештар аст.
Қимати пули амрикоӣ ва аврупоӣ низ қариб бетағйир монда, ҳоло дар кишвар як доллар 12.9600 ва як евро 14.2651 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, боло рафта, аммо дар қиболи эълони БМТ дар бозори нақдӣ қимати он каме поинтар аст.
Танҳо дар "Ориёнбонк" арзиш бетағйир буда, ин бонк барои ҳазор рубл зимни харид ҳамоно 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 135 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. Ин поинтарин нишондод зимни харид ва баландтарин зимни фурӯш миёни бонкҳои тиҷории кишвар мебошад.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 128,5 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 128,5 ва 130,5 сомонӣ муайян намудааст. Рӯзи гузашта дар ин бонк бар ивази 1000 рубл 132 сомонӣ медоданд.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 127 сомонӣ мехараду ба ивази 133,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.