ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки ҳазорҳо маркази тандурустии Афғонистон баста шудаанд ва ё дигар кор намекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин кумита мегӯяд, беморон дар Афғонистон маҷбуранд, барои табобат масофаҳои дурро тай кунанд.
Салиби Сурх афзуд, аксари афғонистониҳо имкони пардохти пули табобат дар як беморхонаи хусусиро надоранд.
Қобили зикр аст, ки бо қатъи кумакҳои хориҷӣ дар пайи расидани толибон ба сари қудрат дар Афғонистон низоми беҳдоштии ин кишвар суқут кард.
Дар ҳамин ҳол камбуди доруву таҷҳизот ва ҳамчунин пардохт нашудани маоши кормандони бахши тандурустӣ яке аз мушкилҳои умдаи бахши тандурустии Афғонистон гуфта мешавад.