Маскав шарикони зиёд дар минтақаи Осиё, уқёнуси Ором, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дорад, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо расонаҳои Сербия.
Ӯ бо таъкиди ин нукта гуфт, ҳич гуна инзивои Русия ҷой надорад. Лавров қаблан низ изҳор карда буд, ки сарфи назар аз талошҳои зиёд Ғарб ба инзивои Русия ноил нахоҳад шуд.
Вай ҳамчунин дар суҳбат аз русбадбинӣ гуфтааст, ки тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ғарбӣ авҷ гирифтааст. Инчунин мавсуф афзуд, ин раванд аз сӯйи сарони кишварҳо "об дода мешавад".
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Лавров, таҳрим алайҳи Русия ҳич гоҳ қатъ нашуда ва Ғарб ҳамеша баҳона меёфт, то онҳоро роҳандозӣ намояд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди 24 феврал, дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина кишварҳои ҷаҳон алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ намуданд, ки шомили тақрибан ҳамаи соҳаҳо, аз энержӣ, саноат, тиҷорат, сармоягузорӣ, молия ва бонкҳо то фарҳангу варзиш мебошад. Маскав эълон кард, ки ба таҳримот посухи мувофиқ хоҳад дод.