Тақозои Русия барои мошинҳои тавлиди Қазоқистон даҳ баробар афзоиш ёфт

Бархе аз расонаҳои Қазоқистон эълом карданд, тақозо барои мошинҳои тавлиди ин кишвар дар миёни шаҳрвандони Русия ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Расонаҳои Қазоқистон бо истинод ба коршиносони маҳаллӣ, алоқаи русҳо ба мошинҳои қазоқро бо таъхири таҳвили мошинҳои омода аз Аврупо ва фаъолияти корхонаҳои мошинсозони ҷаҳон дар қаламрави Русия муртабит медонанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Ба иттилои манбаъ, Евгений Бобер, масъули маркази фурӯши мошин гуфтааст, ки теъдоди дархостҳо қабл аз тағйири шароити сиёсӣ мутавассит ва бештар ба мошинҳои лукс марбут буд.
Ба гуфтаи вай, акнун мавориди онлайну офлайн барои дархости хариди мошинҳои тавлиди дохилӣ 10 баробар афзоиш ёфтааст.
"Суперпрезидентӣ не": Тоқаев хостори тағйири низоми идора дар Қазоқистон шуд
Ҳамзамон илова ӯ кардааст, ки бархе авқот дархостҳое барои хариди куллии мошинҳои тавлидии кишвар дарёфт мекунад.
Бинобари ин гузоришот, бо тавваҷуҳ ба афзоиши қимати бархе таҷҳизот дар қаламрави Русия шаҳрвандони ин кишварро ҳамчунин ҳазинаи мошин дар бозори дохилии Қазоқистон ба худ ҷалб мекунад.