Бердимуҳаммадови калонӣ барои навиштани китобҳои нав аз писараш рухсатӣ хост

Раисҷумҳури собиқи Туркманистон барои навиштани китобҳои нав ва омодагӣ ба рӯйдодҳои муҳими байналмилалӣ аз писараш рухсатии меҳнатӣ хост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Туркманистон, раиси палатаи болоии парлумон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз раисҷумҳури нави ин кишвар, писараш Сардор Бердимуҳаммадов хост, ба ӯ рухсатӣ диҳад.
Тавре телевизиони Туркманистон хабар медиҳад, раҳбари пешини ҷумҳурӣ қасд дорад, дар таътили худ, ки ба гуфтаи ӯ, 40 сол боз мураххасӣ надоштааст, рӯи китобҳои нав кор кунад.

"Тавре ки маълум аст, ман 40 сол боз дар вазифаи роҳбарикунанда кор мекунам ва 25 сол боз ба сиёсат машғулам. Аз сабаби он ки ҳамеша кор зиёд буд, ман дуруст истироҳат карда наметавонистам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки аз 1 апрел ба ман рухсатӣ диҳед," - дархост намудааст ӯ.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, таътил имкон медиҳад, ки ба Анҷумани байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ва дигар иқдомоти байналмилалие, ки соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, дуруст омода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Бердимуҳаммадови калонӣ таҳрибан 70 китоб навиштааст.
Раҳмон Сардор Бердимуҳаммадовро ба Тоҷикистон даъват кард
Дар Туркманистон рӯзи 12 март интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ин ҷумҳурӣ, муовини собиқи нахуствазир ва писари раисҷумҳури собиқ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор 72,97% овозҳоро ба даст овардааст.
Ӯ аз Ҳизби демократии Туркманистон пешбарӣ шудааст.