Шойгу аз иҷрои фармоишҳои давлатии бахши мудофиа гуфт

Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, сарфи назар аз таҳримот феълан фармоишҳои давлатии бахши дифоъ бар асоси нақша сурат гирифта истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо роҳбарони бахши низомии ин кишвар иҷрои нақшаи фармоишҳои давлатӣ дар бахши мудофиа ва уҳдадориҳои иҷтимоиро баррасӣ кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки масоили буҷаи бахши мудофиа бо Вазорати молияи кишвар баррасӣ шудаанд.
Шойгу изҳор доштааст, ки дар пасманзари мушкилоти ҷойдошта фармоиши давлатӣ дар бахши мудофиа пурра иҷро хоҳад шуд.

"Маблағгузорӣ аз буҷа дар соли равон нисбати соли гузашта 15% афзоиш ёфтааст ва мо бояд муайян созем, ки ба чӣ зимни иҷрои фармоишҳои давлатӣ дар бахши мудофиа таваҷҷуҳи бештар диҳем", - гуфт вазир.

Вай зикр намудаст, ки дар шароити таҳрим феълан сатҳи басташавии шартномаҳои давлатӣ 85%-ро ташкил медиҳад ва дар моҳи декабр ин нишондод бештар мешавад.
"Таҳвили аслиҳа бо истифодаи маблағҳои қарзиро идома дода истодаем. Авлавият ба силоҳи шиллики дақиқ, техникаи ҳавоӣ ва омодагии нерӯҳои ҳастаии стратегӣ мебошад", - таъкид намуд Шойгу.
Ӯ илова кард, ки бо назардошти амалиёти низомӣ дар Украина соли 2022 бояд раванди таъминоти артиш бо силоҳи муосир, маҷмаъҳои худкор, василаҳои таъминоти иттилоотию муборизаи электронӣ ҳифз карда шавад.
"Инчунин мехоҳам таъкид созам, ки Вазорати мудофиа тамоми уҳдадориҳои иҷтимоияшро дар назди ҳайати шахсӣ иҷро карда истодааст", - изҳор дошт вазир.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин иштирокдорони амалиёт дар Украинаро собиқадори низомӣ эътироф кард
Вай аз тағйирот ба Қонун дар бораи собиқадорон тазаккур дод ва гуфт, иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Украина аз ин имтиёзҳо бархудор хоҳанд буд. Ба гуфтаи вазир, инчунин ба наздикони собиқадорони амалиёти низомӣ дар Украина аз сабукиҳое низ дода мешавад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор карда буд, ки иштирокдорони амалиёти Украина аз тамоми имтиёзот дар бахши андоз, нақлиёт, замин, манзил ва пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ бархурдор хоҳанд буд.