Бузкашии наврӯзӣ дар Тоҷикистон - аксҳо

Бузкашӣ аз навъҳои маъмули варзишии тоҷикон мебошад, ки одатан дар ҷашнҳои бузург, аз ҷумла Наврӯз баргузор мешавад. Данғара имсол мизбони бузкашии наврӯзӣ буд
Sputnik
1 / 10

Бузкашии идона, ки ҳамасола дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон баргузор мешавад, дар ноҳияи Данғара барпо шуд.

2 / 10

Човандозон дар ин навъи бозӣ барои ҷасади бузе зӯрозмоӣ мекунанд

3 / 10

Бузкашӣ миёни шаҳрвандон мухлисони зиёд дорад ва баъзан аз навоҳии дигар ҳам ҳазорҳо нафар ҷамъ меоянд то сабқати човандозонро тамошо кунанд.

4 / 10

Тибқи қоидаи бозӣ, даҳҳо ва баъзан садҳо човандоз дар як ҷой ҷамъ меоянду баъдан сӯйи ҷасади бузи партофта мешитобанд.

5 / 10

Баъде, ки довар ҷасадро дар як ҷои муайян мемонаду тӯдаи човандозҳо барои аз замин бардоштани он ва ё аз дасти якдигар гирифтанаш талош мекунанд.

6 / 10

Лаҳзае аз бузкашии наврӯзӣ дар ноҳияи Данғара

7 / 10

Ғолиб нафаре дониста мешавад, ки ҷасади бузро ба даст ораду ба марра, ки то 500 метрро ташкил медиҳад, расонад

8 / 10

Сабқат барои гирифтани ҷасади буз хеле шадид сурат мегирад ва ғолибонро аксаран ҷоизаҳои гарон мунтазиранд.

9 / 10

Дар Данғара ғолиби бузкашӣ ба ҳайси ҷоиза як шутур дарёфт хоҳад кард.

10 / 10

Яке аз човандозон, иштирокчии бузкашӣ дар ноҳияи Данғара

Бузкашӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маъмул буда, ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шудаст. Дар Тоҷикистон ин навъи бозиро намуди миллӣ медонанд, ки баргузории он ҳазорҳо нафар тамошобин ва човандозро аз навоҳии гуногун ҷамъ меорад.
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ки дар Тоҷикистон то як ҳафта давом мекунад, минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мизбони баргузории мусобиқа мешаванд. Одатан чорабинӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ гузаронда мешавад. Бархе маҳдудиятҳо, ки дар замони пандемияи коронавирус барои гузарондани бузкашӣ ҳам маҳдудият эҷод мекарданд, феълан лағв гардида, мусобиқот ба таври густурда баргузор мегарданд.