ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Қирғизистон метавонад ба ҳодисаҳои ҳар як давлат вокуниши муносиб нишон диҳад, гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муовини раиси Девони Вазирон Қамчибек Тошиев ба хабарнигорон.
Ӯ ба суоли яке аз хабарнигорон, ки гуфт, аз манобеи мухталиф дар марзҳои ҷанубӣ гузоришҳо расида, ки дар он ҷо авзоъ доғ мешавад ва гӯё такрори ҳаводиси апрел-майи соли гузашта дар назар аст, посух дод.
"Ман ба шумо намегӯям, ки хадамоти иктишофӣ чӣ мегӯяд. Ман як чизро мегӯям: агар ногаҳон аз ягон давлат алайҳи кишвари мо ҳодисае рух диҳад, мо метавонем ба таври кофӣ посух диҳем. Дар ҳоли ҳозир мо метавонем марзҳоро ҳифз кунем ва хоҳем кард", - гуфтааст Тошиев.
Тошиев ҳамзамон гуфт, ки давоми се-чор рӯзи оянда машқҳо бо иштироки ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар", ки аз Туркия харида буд, баргузор мешаванд.
"Ба наздикӣ мо бо "Байрактар ТБ2"-и худ, яъне дар тӯли 3-4 рӯз дар қаламрави кишвари худ машқҳои ҷангӣ мегузаронем. Мо мехоҳем ба тамоми ҷаҳон тавоноии онҳоро нишон диҳем",- гуфтааст ӯ зимни супоридани мошинҳои зиреҳпӯши нав ба ниҳодҳои қудратии кишвараш.
Номбурда гуфт, ин "Байрактар ТБ2"-ҳоро барои назорати ҷангӣ дар Хадамоти сарҳадоташон гирифтаанд ва ҳоло осмони сарҳадоти ин кишвар аз тариқи онҳо назорат мешавад.
Раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон ҳамзамон аз харидории 50 мошини зиреҳпӯши тамғаи "Тигр" хабар дод, ки ба Вазорати мудофиа ва Хадамоти марзбонии ин кишвар равон хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки таниши сахти низомӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи миёни низомиёни ду кишвар мунҷар шуд.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш 55 нафарро ташкил медод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам карданд.
Пас аз ин низ борҳо дар марз бархӯрд сурат гирифт, ки дар пайи захмию фавтидагон дошт.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.