Вазорати дифои Русия навори партоби мушаки баллистикӣ аз маҷмаи "Искандар-М" сӯйи мақарри ҷангиёни хориҷӣ дар Украинаро нашр кардааст.
Дар видео дастгоҳи партобдиҳандаи мушак ва омодагӣ ба парвоз намоиш дода шудааст.
Сипас партоби мушаки баллистикии 9М723 инъикос ёфтааст, ки бо гузоштани осори дудӣ босуръат ба ҳаво баланд мешавад. Инчунин партоби мушакҳои Р-500 аз маҷмаи "Искандар-М" инъикос ёфтааст.
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, бо ин мушак бинои 60-метрие тахриб шуд, ки дар гуруҳи ҷангиёни хориҷӣ қарор доштанд.
"Азбаски қисмати фугасӣ истифода шуд, бино пурра харобу ҳариф нобуд карда шавад", - афзуд манбаъ.
Маҷмаи "Искандар" барои зарбазанӣ ба иншооти муҳим дар ақибгоҳи ҳариф пешбинӣ шудааст. Партоби болои дақиқ ба фосилаи зиёд, фурсати кам барои омодагӣ, самаранокии гузаштан аз низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ имкон медиҳад, ки бо 1 ва ё 2 партоби пайи ҳам ҳама гуна ҳадаф нобуд карда шавад.