Таассуфи Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи толибон

Тоҷикистон аз он ки толибон шартҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар робита ба ҳукумати ҳамашумул иҷро накарданд, изҳори таассуф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, толибон тааҳҳудоти худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро накарданд.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар Исломобод баргузор гардид, изҳор дошт.

"Мутаассифона, то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумати ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар иҷро нагардидааст",- таъкид кардааст Муҳриддин.

Ӯ ҳамзамон зимни суханронӣ дар робита ба масоили Афғонистон ва таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтааст.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати фаъолсозии нақши созмон ва тақвияти муколама миёни кишварҳои узви он дар ҳалли қазияҳои мубрами кишварҳои мусалмонӣ таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ инчунин аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳои замони муосирро тазаккур дод.
Толибон парчами серангаи миллии Афғонистонро манъ карданд
Маврид ба зикр аст, толибон бештар аз ҳашт моҳ мешавад, ки Афғонистонро идора мекунанд, аммо то кунун бинобар иҷро нагардидани шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ҳукумати он ба расмият шинохта нашудааст.
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.
Ахиран хабар дода шуд, ки дари макотиб ба рӯйи ҳама духтарон пас аз 187 рӯзи дурмонӣ аз таҳсил боз шуд, аммо ин субҳ вуруди духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб мамнуъ шуд.
Ин амалкард мавриди вокуниши шадиди ҷомеаи Афғонистон ва ҳатто афроде аз миёни ин гурӯҳ гардид.