Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Матвиенко шарти мулоқоти Путин ва Зеленскийро гуфт

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия вохӯрии раисҷумҳури ин кишвар ва кишвардори Украинаро пас аз таҳияи созишномаҳо имконпазир гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мулоқоти Владимир Путин ва Владимир Зеленский, кишвардорони Русия ва Украина имконпазир аст, мегӯяд раиси Шӯрои Федератсияи Валентина Матвиенко, аммо барои баргузории ин дидор ӯ аз шарте ёдовар шуд.
Ба гуфтаи Матвиенко, мулоқоти роҳбарони ин ду давлат ба шарти таҳияи барномаи муқаддамотии гуфтугӯҳо имконпазир мегардад.
"(Вохӯрӣ вақте имконпазир хоҳад шуд), ки ҷонибҳои Украина ва Русия дар бораи рӯзнома мувофиқат кунанд ва як навъ ҳуҷҷати ниҳоӣ бояд бошад. Дар акси ҳол умедворӣ беҳуда аст, ки ҳоло президентҳо мулоқот мекунанд, суҳбат мекунанд ва чизе ҳосил мешавад. Пас чаро ин нишастҳо бояд баргузор шаванд?", - афзуд ӯ зимни мусоҳиба бо шабакаи CCTV.
Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд
Матвиенко гуфт, Русия ба чунин формати мулоқоти "моддӣ" бо ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ омодааст.
Ӯ илова намуд, ки мулоқотҳо бояд натиҷа диҳанд. Дар акси ҳол барпо намудани онҳо маъное надорад.
Гуфтушунидҳо миёни Маскав ва Киев, ки пас аз амалиёти низомии 24 феврал оғоз шудаанд, то ҳол идома доранд.
Алъон 4 даври музокирот баргузор шуда, ҷонибҳо мегӯянд, гуфтушунидҳо идома хоҳанд ёфт.
Лавров: Амрико мехоҳад, дар тамоми ҷаҳон ҳукмфармо бошад
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти низомӣ дар Украинаро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Вазорати дифои Русия эълон кард, ки танҳо зерсохтҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳаду барои сокинони осоишта таҳдиде вуҷуд надорад.