ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Душанбе мизбони Қаҳрамонии велосипедронии Осиё мешавад. Ба ин хотир муддати панҷ рӯз (аз 25 то 27 ва аз 28 то 30 март) аксари роҳҳои мошингарди пойтахт масдуд мешаванд.
Торнамои "Варзиш" ҷадвали рӯзи аввали ин мусобиқаро нашр намудааст. Ба гузориши манбаъ, дар рӯзи якуми мусобиқа веломарафони параолимпӣ баргузор мешавад, ки 12 дастаро дар сабқатҳои 24-километрӣ ба ҳам меорад.
Сабқатҳои даставӣ миёни мардон соати 10:00-и рӯзи 25-уми март аз майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз шуда, соати 11:30-и ҳамин рӯз дар майдони “Дӯстӣ” маросими ҷоизасупории он баргузор мешавад.
Сабқатҳои даставӣ миёни бонувон дар масофаи 24 километр, соати 12:00-и рӯзи 25 баргузор мешаванд. Дар ин сабқат ҳашт даста иштирок намуда, маросими ҷоизасупории он соати 13:30 дақиқа сурат мегирад.
Ҳамчунин сабқатҳои инфиродии 24-километрии миёни бонувон ва параолимпичиёни мард соати 14:00 ва 14:30 оғоз гардида, маросими ҷоизасупории соати 16:30 дар майдони “Дӯстӣ” дар назар аст.
Илова бар ин сабқатҳои инфиродии 15-километрии миёни бонувон ва мардон соати 15:30 оғоз гардида, маросими ҷоизасупории он соати 16:30 дар майдони “Дӯстӣ” сурат хоҳад гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ, ки аз 25 то 30 март баргузор мешавад, иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст.