Путин аз Аврупо талаб кард, ки пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад

Раисҷумҳури Русия дастур дод, ки пардохти пули гази содиршуда бо рубл пардохт шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Қарор қабул шуд, ки гази содиршуда ба Аврупо ҳарчи зудтар бо рубл пардохт шавад. Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли раисҷумҳури Русия Владимир Путин хабар додааст.
Ба гуфтаи Путин, Русия аз қабули пули пардохтии гази табиӣ бо асъори созишшуда, аз ҷумла доллар ва евро худдорӣ мекунад.

"Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.

Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.
Ҳушдори Новак аз пайомадҳои даст кашидани ИМА ва Аврупо аз нафту гази Русия
Путин тавзеҳ додааст, Русия газро тибқи ҳаҷм ва принсипҳои нархгузорие, ки дар қарордодҳо зикр шудаанд, интиқол медиҳад, аммо пули пардохтӣ тағйир хоҳад ёфт.
Дар пасманзари изҳороти Путин арзиши доллар ҳангоми муомилот дар биржаи Маскав рӯзи 23 март аз 100 рубл поин рафт.