Қарори парлумон барои ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Тоҷикистон додситони кулли кишварро музваззаф намуд, ки назорати риоияи қонунгузорӣ дар артиши ҷумҳуриро таҳким бахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Амалҳои ғайриоинномавӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки боиси расондани зарари ҷисмонӣ ва фавти сабозон мегарданд, пешгирӣ шаванд, дастур дод Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ.
Бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ, ки дар пайи гузориши ахири Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ба парлумон қабул гардид, риояи қонунгузорӣ дар артиш аз мавзуъҳои меҳварӣ мебошад.
Тибқи ин қарор, додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудааст, назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият намояд.

"Ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриоинномавӣ, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, чораҳои қатъӣ андешад", - таъкид шудааст дар қарор.

Ин дар ҳолест, сарусадо атрофи муносиботи ғайриоинномавӣ, ки баъзан бо ҷароҳату марги сарбозон меанҷоманд, аз омилҳои гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ арзёбӣ мешавад. Гарчанде ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ аз талабот ба маротиб зиёдтар мебошанд.
Юсуф Раҳмон, дар гузориши ахираш ба парлумон гуфт, додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро санҷида, ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор кардаанд.
"Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд", - изҳор дошт додситон.
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
Бар асоси омори расмӣ, нақзи қонун дар артиш низ афзоиш ёфтааст.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни баррасии омодагиҳо ба даъвати баҳории наваксарон дастур дод, ки камбудиҳои қаблан ҷойдошта рафъ шаванд.
Ӯ аз ҷумла барои сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта супориш дод.