Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Намояндаи президенти Русия: Эътирофи Қрим дар Конститутсияи Украина сабт шавад

Амнияти Қримро танҳо амалишавии комили ҳадафҳои амалиёти низомӣ дар Украина метавонад кафолат диҳад, изҳор кард як мақомдори Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Эътирофи Қрим ҳамчун ҷузъи Русия аз ҷониби мақомоти Киев бояд дар Конститутсияи Украина сабт карда шавад.
Ин нуктаро Георгий Мурадов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Қрим дар назди раисҷумҳури Русия ва ноиби сарвазири ин минтақа зимни суҳбат бо РИА "Новости" баён кардааст.

"Танҳо як эъломияи Украина дар мавриди эътирофи Қрим кофӣ нест. Бояд тағйирот ба Конститутсияи Украина ворид карда шаваду аз феҳрасти субъектҳои кишвар "Ҷумҳурии Мухтори Қрим" ҳазф гардад", - гуфтааст Мурадов.

Ӯ таъкид намудааст, ки мақоми бетарафии Украина низ кафолати амнияти Қрим буда наметавонад, чун хуруҷи миллатгароию талоши қассос метавонанд ҷой дошта бошад.
"Амнияти Қримро танҳо амалишавии комили ҳадафҳои амалиёти низомӣ дар Украина метавонад кафолат диҳад", - илова намудааст намояндаи доимии Қрим.
Ахиран Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, гузаштҳо ба Русия, аз ҷумла масоили марбут ба Луганск, Донетск ва Қримро бояд мардуми кишвар зимни як раъйпурсии умумихалқӣ ҳал кунанд.
Назари Кремл дар бораи изҳороти Зеленский дар мавриди раъйпурсии умумихалқӣ дар Украина
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин изҳороти Зеленский гуфт, Украина давлати мустақил аст ва идораи бархе равандҳои дохилиро дар даст бояд дошта бошад. Дар баробари ин нуктаҳое низ ҳастанд, ки сари мизи ҳайати музокироти ду кишвар ҳал мешаванд, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Вай афзуд, дар ҳолати феълӣ оммавӣ кардани ин нукот танҳо бар зарари кор хоҳад буду музокиротро халалдор хоҳад кард, ки бе ин ҳам суст ҷараён дорад.
Музокироти Маскав ва Киев ҳамзамон бо амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегирад, ки аз 24 феврал ба ин сӯ ҷараён дорад.