Садҳо муаллим аз Шаҳринав ба муҳоҷират рафтаанд

Далели асосии рӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани омӯзгорон аз Тоҷикистон кам будани маош арзёбӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Тайи камтар аз як соли охир беш аз 300 омӯзгор дар ноҳияи Шаҳринав тарки касб кардаанд.
Шаҳло Юлдошева, масъули бахши кадри шуъбаи маорифи ин ноҳия ба нашрияи "Садои мардум" гуфтааст, аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то феврали соли 2022, дар маҷмуъ 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор кардаанд.
Аз рӯи таҳлилҳо, 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки бештари омӯзгорон ба Русия кӯч мебанданд. Дар феҳрасти онҳое, ки тарки соҳа кардаанд, аз ҷумла омӯзгорони ҷавоне зикр шудаанд, ки баъди хатми донишгоҳҳо бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба кор қабул шудаанд, аммо баъди 1-2 моҳ ба муҳоҷират рафтаанд.
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди макотиби нав кумак хост: вазир гуфт, аҳолӣ зиёд шуд
Омили аслии тарки пеша кардани омӯзгорон камии маоши онҳо арзёбӣ шудааст.
Қаблан Мушаррафа Шарифова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия бо таъйиди тарки соҳа кардани омӯзгорон изҳор карда буд, маоши мансабии омӯзгорони навкор ҳамагӣ 500-600 сомониро ташкил медиҳад, ки барои хароҷоти рӯзгорашон намерасад.

"Ҳатто директорони мактабҳо ихтиёрӣ аз кор рафтанд. Чанд корманди шуъба низ тарки кор кард. Онҳо мегӯянд, ки бо 700-800 сомонӣ моҳона имкони пешбурди зиндагӣ нест", - афзуда буд мудири маориф.

Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои ҷалби омӯзгорон бархе имтиёзу сабукиҳо, аз ҷумла додани замину манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст.