Беш аз 1300 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон ошкор шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии кишвар афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷиши кори мақомдорони давлатӣ дар маҳалҳо дар як соли охир 1 ҳазору 331 қарори ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Соли 2020 ин нишондод ба 1 ҳазору 55 адад баробар буд.
Ин нуктаро додситони кулли Тоҷикистон дар ҳисоботи ахири солонааш ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ баён дошт.
Ба гуфтаи Раҳмон, аз 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.

"Бояд қайд намуд, ки ҳодисаҳои тақсими ғайриқонунӣ ва харидуфурӯши замин дар аксари шаҳру ноҳияҳо характери оммавӣ касб намудааст", - таъкид намуд додситони кул.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, дар як сол нисбати садҳо мақомдор барои заминфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар аз корманди Корхонаи бақайд­гирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз бахшҳои Кумитаи идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд.
Боздошти раиси ҷамоат дар ҷойи кораш: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 ҳазору 200 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, харидуфурӯши ғайриқонунии 231 гектар ба маблағи махсусан калон ошкор гардидааст.