Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Мушовири собиқи Трамп ҳақиқатро дар бораи ташхисгоҳҳои биологии Украина ошкор мекунад

Роҷер Стоун нақл кард, ки мақомоти амрикоӣ дар ташхисгоҳҳои биологии Украина чӣ омода мекунанд ва амалиёти вижаи Русияро барои дифоъ аз Донбасс номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс сирф хусусияти дифоӣ дорад. Дар ин бора дар мусоҳиба бо "Voice Real America's" мушовири собиқи Доналд Трамп Роҷер Стоун иттилоъ додааст.
Дар ҳамин ҳол ӯ қайд кард, ки шаҳрвандони Амрико дар бораи ҳаводиси Украина маълумоти объективӣ намегиранд.
WP: Чин аз тағйир додани мавқеаш нисбат ба Русия худдорӣ мекунад
"Он чизеро, ки расонаҳо дар бораи Украина ба мо мегӯянд, чунин ба назар намерасад. Украинҳо замини худро барои ҷойгир кардани мушакҳои дурпарвоз истифода кардаанд. Дар он ҷо ташхисгоҳҳои биологӣ мавҷуданд, ки аз ҳисоби даромадҳои андози мо маблағгузорӣ мешаванд ва Худо медонад, ки чӣ бало ба сари мардуми Русия меоранд",- гуфт мушовири собиқ.
"Путин ба таври дифоӣ амал мекунад, кори вай таҳоҷум нест. Аммо шумо дар ин бора дар ВАО-и асосӣ намехонед", — гуфт мушовири сиёсӣ, ки дар Қасри Сафед кор мекард.
Стоун инчунин таъкид кард, ки сиёсатмадорони амрикоӣ вақте дар бораи хоҳиши пуштибонӣ аз демократия дар Украина ҳарф мезананд, риёкорӣ мекунанд, зеро ҳукмронии Киевро ба душворӣ мешавад, демократӣ номид.

"Дарҳол пас аз пирӯзӣ дар интихобот Зеленский як номзади ҳизби мухолифро боздошт, худи ҳизбро ғайриқонунӣ эълон кард ва се шабакаи телевизиониро, ки аз мавқеи ҳукумат интиқод мекарданд, баст. Ин ба демократия монанд нест",- гуфт ӯ.

Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Зеленский фаъоляти чанд ҳизби мухолифро манъ кард
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.