ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни табрики шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бо фарорасии Наврӯз аз муноқишаҳо дар марз бо Тоҷикистон ёдовар шуд.
Номбурда барои таҷлили ҷашн ба вилояти Бодканд рафт. Ҷабборов интихоби худро бо он шарҳ дод, ки маҳз аз ҳамин минтақа "Ватани мо сар мешавад, маҳз дар ҳамин ҷо гули машҳур"-и моҳ "айгул" бо ранги оташин месӯзад.
Вилояти Бодканд “бисёр шахсиятҳои барҷастаи таърихии Қирғизистони соҳибистиқлолро додааст”, таъкид кард президент.
Ҷабборов дар табрикномаи худ дар бораи афзалиятхои асосии вилоят сухан ронда гуфт, бисёр канданиҳои фоиданок мавҷуданд, меваю ангишт, газу нефт ба хориҷа бароварда мешаванд.
Иқтисодиёти минтақа, ба гуфтаи президенти Қирғизистон, имконоти бузург дорад. Аммо вақте ки Бодканд ба воҳиди мустақили маъмурӣ табдил ёфт, ҳукуматдорон ба он эътибори даркорӣ надоданд.
"Баҳсҳо ва муноқишаҳои сарҳадӣ, ки ҳамчун мероси ғамангез аз як маъмурияти давлатии вилоят ба дигараш мегузаранд, ба муқовимати мусаллаҳона мубаддал шуданд, ки оқибатҳои ғамангез дорад", - гуфтҶабборов.
Ба гуфтаи ӯ, "дар ид дар ин бора сухан намегӯяд, аммо ин як ҳақиқати талх аст, ки аз он канорагирӣ кардан мумкин нест."
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ба насли оянда ин "тасвири зишт" боқӣ нахоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки қаламравҳои тақсимнашудаи Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи даргириҳо табдил меёбанд.
Сабаби асосӣ қитъаҳои тақсимнашуда мебошад, ки дар онҳо муайян кардани чӣ гуна будани сарҳад имконнопазир аст.
Охирин муноқишаи густарда шоми 27 январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аъло рух дод, ки дар пайи ду ҳалокшуда ва 17 тани дигар захмӣ дошт.