ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, Шӯрои амнияти миллӣ дар даврони вазъи низомӣ дар ин кишвар ҳама гуна фаъолияти баъзе аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби опозитсионии “Барои ҳаёт”-ро қатъ кардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
“Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ бо дарназардошти ҷанги комил ва равобити бархе аз сохторҳои сиёсии ин ҳизбҳо бо ин кишвари душман тасмим гирифт, ки ҳама гуна фаъолияти бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар даврони вазъи низомӣ мутаваққиф шавад”, - гуфт Зеленский.
Сухан дар бораи “Платформаи оппозитсионӣ барои ҳаёт” (ОПЗЖ)-и Виктор Медведчук, “Ҳизби Шария” ва “Наш” меравад. Ғайр аз ин фаъолияти ҳизби мухолифи прогрессивии сотсиалистии Украина, Ҳизби сотсиалистии Украина мамнуъ шудааст.
Ба Вазорати адлияи Украина дастур дода шуд, ки алайҳи нерӯҳои сиёсии номбаршуда “фавран” чораҳои дахлдор андешида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.