ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Холид Поянда, охирин вазири молияи Ҳукумати Афғонистон дар ИМА ба ҳайси ронандаи таксии "Uber" кор мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Вашингтон пост” назари худро дар бораи суқути Кобул баён кардааст.
“Яке аз сабабҳо майл надоштани афғонҳо ба тағйир додани ягон чизе аст. Ҷиддан мо иродаи умумии ислоҳотро надоштем”, - гуфт ӯ.
Поянда ҳамчунин дар Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрико низ ба ҳайси профессори кор мекунад, аммо ба гуфтаи ӯ, ин маблағ барои таъмини хонаводааш кифоят намекунад.
Поянда пеш аз суқути Кобул Афғонистонро тарк карда буд.
Ёдовар мешавем, моҳи август маълум шуд, ки вазири алоқа ва технологияҳои иттилоотии собиқи ҳукумати пешини Афғонистон Сайид Аҳмадшоҳи Содот дар Олмон ба ҳайси питзорасон кор мекард.