ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Андрей Климов, раиси комиссияи Шӯрои Федератсияи Русия дар умури ҳифзи истиқлол қайд кард, ки вуруди Украина ва Гурҷистон ба НАТО ва дар сурати мухолифат бо Русия барои ин кишварҳо пайомадҳои марговар хоҳад дошт.
“Агар Украина ё Гурҷистон ба НАТО дохил шаванд, вазъ метавонад барои онҳо комилан дигар - марговар, монанди ҳар як кишвари дигари НАТО шавад”, - навиштааст сенатор дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Ба гуфтаи Климов, пайвастан ба НАТО "ба як дастаи худкуш баробар аст". Ба ҳамин хотир сухани ҳавоӣ нест, балки баёни як далел аст, ки барои одамони доно рӯшан аст.
“Афсӯс, ки дар кишварҳои аврупоии НАТО амалан раҳбарони оқил боқӣ намондаанд”, - хулоса кард сиёсатмадор.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.