ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар шаҳри Белгради Сербия қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон дар толор ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Фаворис Музрапов, давандаи тоҷик намояндагӣ мекунад.
Дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки варзишгари тоҷик дар масофаи 60 метр рекорди қаблии Тоҷикистонро иваз кард.
Ба иттиои манбаъ, Музрапов ин масофаро дар 6.83 сония давида, миёни 50 иштирокчӣ ҷои 37-умро ишғол намуд.
"Се ҷои аввалро Ламонт Марсел Якобс аз Италия (6.41) ва варзишгарони Амрико Кристиан Колеман (6.41), Марвин Бресӣ (6.44) гирифтанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол мураббии варзишгари тоҷик мегӯяд, ӯ чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ масофаи 60 метрро бо натиҷаи 6.85 сония давида, рекорд гузошта буд ва инак, дар қаҳрамонии ҷаҳон натиҷааш боз беҳтар намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин навъ мусобиқа дар шаҳри Белград аз 18 март шуруъ шуда, интизор меравад, рӯзи 20 март ба анҷом расад.
Маврид ба зикр аст, ки ин навъ мусобиқа дар шаҳри Белград аз 18 март шуруъ шуда, интизор меравад, рӯзи 20 март ба анҷом расад.