ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, қарори ҳукумат дар мавриди бунёди бисёрошёнаҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ риоя намегардад.
"Аз қабули қарори ҳукумат дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 3 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, меъёрҳои он дар маҳал риоя карда намешаванд", - изҳор дошт Раҳмон дар ҳисоботаш ба Маҷлиси миллӣ.
Вай ҳафтаи равон дар парлумон таъкид намуд, ки дастандаркорони ин кор муҷозот мешаванд. Ба навиштаи нашрияи парлумонии "Садои мардум", додситонҳо ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор дар ин масъала 189 эътироз овардаанд.
Юсуф Раҳмон ба аъзои палатаи болоии парлумон гуфт, 464 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон барои сарфаи замин дар кӯчаҳои асосии шаҳру навоҳӣ бунёди биноҳои камтар аз панҷошёнаро мамнуъ карда буданд.
Мақомот дар маҷмуъ бо ишора ба камзаминии Тоҷикистон бунёди бисёрошёнаҳо, аз ҷумла дар деҳотро тавсия медиҳанд.
Ахиран Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон низ дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ гуфт, ба наздикӣ мактабу кӯдакистонҳо низ бисёрошёна хоҳанд шуд. Ӯ далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбуди замин рабт дод.