ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ, ки аз 25 то 30 март баргузор мешавад, иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки чемпионат миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор мешавад.
"Умуман, дар доираи ин чорабинӣ дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Рӯзи 25 март мусобиқаи даставӣ миёни мардҳо (24 км), миёни занҳо (24 км), мусобиқаи инфиродии мардҳои имконияташон маҳдуд (24 км), мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24 км; 15 км) баргузор мешавад.
Мусобиқаи инфиродӣ миёни мардҳо - ҷавонон (24 км) ва занҳо, ҷавонон (15 км) 26 март ба нақша гирифта шудаст.
Рӯзи 27 март мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо (24 км), занҳо (24 км) баргузор мешавад.
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130 км), мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111 км) мМусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61 км) 28 март сурат мегирад.
Рӯзи 29 март мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175 км) мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111 км) дар нақша аст.
Кумитаи миллии олимпӣ изҳор дошт, ки мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ ба масофаи 111 км дар рӯзи ниҳоии мусобиқа 30 март баргузор мешавад.