Тоҷикистону UNHCR масъалаи паноҳандагони афғонистониро баррасӣ карданд

Вазири хориҷаи Тоҷикистон ва комиссари олии Созмони Милалии Муттаҳид масоили марбут ба Афғонистонро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Филиппо Грандӣ, комиссари олии Созмони Милалии Муттаҳид масаълаи паноҳандагони афғонистониро, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷонибҳо масоили марбут ба Афғонистонро муҳокима карданд.

“Тарафҳо дар робита ба мусоидат ба паноҳандагон, масоили марбут ба Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, қаблан Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазор оилаи афғон ва дар маҷмуъ ҳудуди 15 ҳазор гуреза ба сар мебарад.
СММ нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти гурезаҳоро муҳим арзёбӣ кард
Дар давраи нооромӣ дар Афғонистон Тоҷикистон қаламрави худро ба шарикони хориҷӣ барои фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои сеюм пешниҳод намуда буд.
Бояд гуфт, комиссари олии Созмони Милалии Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Филиппо Грандӣ бо сафари корӣ вориди Душанбе шудааст. Номбурда зимни сафари худ ба мақомоти олии кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард.