ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мулоқот бо Озан Севимлӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе масъалаи мактабҳои куҳна ва норасоии ҷойҳои нишастро ба миён гузошт.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, Саидзода дар ин вохӯрӣ гуфт, бо вуҷуди корҳои зиёди анҷомдодаи Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз мушкилоте ҷой доранд, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҳал шаванд.
Ӯ яке аз мушкилоти маорифи Тоҷикистонро норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолӣ хонд.
"Айни замон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд", - изҳор дошт вазир.
Вай изҳори умед кардааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ин масъала Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.
Озан Севимлӣ гуфтааст, дар низоми кории Бонки Ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ маҳсуб шуда, маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд.
"Айни замон дар кишвар лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ" амалӣ гардида истодааст. Дар бораи лоиҳаи "Рушди бармаҳали кӯдак" бояд гуфт, ки ин лоиҳа аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва айни ҳол мо таъсири онро мушоҳида карда истодаем", - афзуд намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ.
Вазорати маориф мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои рушди ҳамкорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.